Аксу видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, нишон медиҳанд, шаҳрвандони Узбекистон барои гирифтани пули нақд дар назди бонкоматҳо навбат меистанд.
Бархе аз онҳо мегӯянд, бонкоматҳо чанд рӯз мешавад, пули нақд надоранд. "Ин мушкил дар ноҳияи мо ду-се моҳ мешавад, ки вуҷуд дорад. Дар бонкоматҳо на ҳамеша пули нақд мавҷуд аст. Онҳое, ки сахт ба пули нақд ниёз доранд, ба дорухона ё фурӯшгоҳ мераванд ва бар ивази се дарсад пули худро нақдина мекунанд. Мо ба давраи Каримов бармегардем", - изҳор дошт як соҳибкор аз ноҳияи Яккаободи Узбекистон.
Бонки марказии Узбекистон дар пасманзари камчин шудани нақдина омори интиқоли пул аз хориҷ ба ин кишварро дар моҳҳои январ-июни соли 2022 нашр кардааст. Тибқи ин омор, ҳаҷми маблағи интиқолӣ дар шашмоҳаи аввали имсол 6,5 млрд долларро ташкил медиҳад, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар аст.