Ссылки доступа

Қирғизистон ду тоҷиктаборро озод кард, вале тақдири Акмалҷон Исоев маълум нест


Здание Лейлекского районного суда

Мақомоти Қирғизистон ду сокини тоҷиктабори деҳаи Борбордуки ноҳияи Лайлакро озод карда, вале далелашро ба пайвандонашон нагуфтаанд.

Маълум нест, ки раҳоии онҳо дар пайи табодули зиндониён ва боздоштшудаҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифтааст ё чизи дигар.

Амонҷон Бобоҷонов ва Аюбҷон Урунов моҳи сентябри соли гузашта ба гуноҳи ғоратгарӣ ва ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад ба 8,5-солии зиндон маҳкум шуда буданд. Наздиконашон ҳукмро шадид, вале намояндаи додситонӣ сабук медонист.

Яке аз наздикони онҳо рӯзи 18-уми июл дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Амонҷон Бобоҷонов 15-уми июл ва Аюбҷон Урунов 17-уми июл ба хона баргаштаанд. "Мақомоти Қирғизистон сабаби озод шудани онҳоро нагуфтанд. Мо ҳам намедонем, ки чӣ гап шудааст. Ба ҳар ҳол, аз озодии онҳо хурсанд шудем," – гуфт ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш зикр шавад.

Дар ин миён сарнавишти Акмалҷон Исоев, ки ӯ низ моҳи сентябри соли гузашта ва ҳамроҳи Амонҷону Аюбҷон маҳкум шуда буд, норӯшан аст. Мақомоти Қирғизистон ӯро бар иловаи ғоратгарӣ ва убури ғайриқонунии сарҳад ба қочоқи маводи мухаддир низ гунаҳкор дониста, понздаҳ сол ба зиндон андохтанд. Наздикон онро иттиҳоми бофтаву сохта медонанд.

Пайвандони Акмалҷон Исоев мегӯянд, хабари озодии Аюбҷон ва Амонҷонро шуниданд ва мунтазиранд, ки дар бораи фарзандашон низ паёми хуше бигиранд.

Тайи моҳҳои охир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи раҳоӣ ё ба тарафи якдигар супурдани боздоштшудаҳо ва зиндониён гузориш медиҳанд. Чанде пеш Абдикарим Алимбоев, намояндаи раисиҷумҳури Қирғизистон дар Бодканд, гуфта буд, Бишкеку Душанбе ба табодули боздоштшудаҳо ва зиндониён оғоз кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар замина ҳеч шарҳе намедиҳанд.

То ин дам ҷониби Қирғизистон ду шаҳрванди зиндонии Тоҷикистонро ба кишвар баргардонда, 11 нафарро бо ҷарима озод кардааст.

Намояндагони Қирғизистон рӯзи 10-уми июл хабар доданд, ки Тоҷикистон 11 шаҳрванди боздоштшудаи он кишварро ба зодгоҳашон баргардонд. Ҳамаи онҳо дар замонҳои гуногун ва ба иттиҳоми якхелаи ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад дастгир шуда буданд.

Пештар Додситонии кулли Қирғизистон гуфта буд, дар зиндонҳои Тоҷикистон 13 шаҳрванди он кишвар адои ҷазо мекунанд. Ду нафари онҳо ба ҳабси абад маҳкум шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон моҳи феврали имсол хабар доданд, ки танҳо дар соли 2021-ум 39 шаҳрванди Қирғизистонро ба иттиҳоми ғайриқонунӣ гузаштан аз марз дастгир карданд. Маълум нест, ки чӣ қадар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Қирғизистон ҳастанд.

Боздошту ҳукмҳои тӯлонии шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар қаламрави якдигар пас аз задухӯрди хунини моҳи апрели 2021 шиддат гирифт. Дар он муноқиша аз ду тараф 55 кас кушта, даҳҳо нафар захмӣ ва даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон шуданд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки қисме он мушаххас ва нишонагузорӣ нашудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар сари тақсими обу замин муноқиша сар мезанад.

XS
SM
MD
LG