Ссылки доступа

Алишер Усмонов талош дорад, таҳримҳои Аврупо зидди ӯ бекор шаванд


Чаҳор олигархи рус — Алишер Усмонов, Роман Абрамович, Михаил Фридман ва Петр Авен аз додгоҳи Аврупо дархост кардаанд, ки таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо зидди онҳоро бекор кунад.

Нашрияи “Wall Street Journal” дар ин бора хабар дода, навиштааст, ки шикояти олигархҳо ба таври алоҳида ба додгоҳ пешниҳод мешавад.

Алишер Усмонов ва хоҳараш Гулбаҳор Исмоилова илова бар бекор кардани таҳримҳо талаб хоҳанд кард, ки харҷи додгоҳӣ ба маблағи 20 ҳазор доллар низ пардохт карда шавад.

“The Wall Street Journal” менависад, Усмонов талош дорад, то раванди баррасии шикояташро дар додгоҳ тезонад. Зеро ба гуфтаи ӯ, чандин қарордоди тиҷоратияш бар асари таҳримҳо қатъ шуда, дар натиҷа се ширкати ӯ дар остонаи муфлисшавӣ қарор доранд. Аммо моҳи гузашта додгоҳ дархости Усмоновро рад карда буд.

Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷии Бритониё, Усмонов баъди ба рӯйхати таҳримшудаҳо шомил шуданаш дар моҳи марти имсол як қатор дороиҳоро ба номи хоҳараш Гулбаҳор Исмоилова гузарондааст. Аз чумла, Исмоилова дар ҳоли ҳозир соҳиби киштии “Дилбар”, ки қаблан ба Усмонов рабт дода мешуд, мебошад.

XS
SM
MD
LG