Ссылки доступа

Додгоҳи олии Қазоқистон раиси ИЖҚ ва писарашро "сафед" кард


Додгоҳи олии Қазоқистон ҳукми додгоҳи зинаи поёнӣ нисбат ба Сайидқозӣ Матаев, раиси Иттифоқи журналистони он кишвар ва писараш рӯзноманигор Асат Матаевро бекор кардааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Қазоқистон, парвандаи падару писар "бинобар мавҷуд набудани таркиби ҷиноят дар кирдори онҳо" қатъ шудааст.

Додгоҳи Остона 3 октябри соли 2016 раиси ИЖҚ-ро 6 сол ва писараш Асет Матаев, мудири хабаргузории КазТАГ-ро 5 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. Вале маҳкумшудаҳо ҳамаи айбҳои зиддашон эълоншуда - дӯздии пули буҷа ва саркашӣ аз пардохти андозро рад мекарданд.

Дертар муҳлати ҷазои Сайидқозӣ Матаев бар асоси қонуни афв ба ду солу ҳашт моҳ кам карда шуд. Ӯ 4 декабри соли 2017, баъди 16 моҳ аз зиндон озод шуд.

XS
SM
MD
LG