Ссылки доступа

Сармоягузорон ба беҳтарин ангораҳои бозсозии "деҳаи Манас" 3 млн сом медиҳанд


Раёсати меъмории шаҳри Бишкеки Қирғизистон 19 июл хабар дод, ки натиҷаи озмуни меъморон барои таҳияи ангораи "Манас айылы" (деҳаи Манас) дар он кишвар ҷамъбаст шуд.

Ҷамъан 14 лоиҳа пешниҳод шуда, 3-тои онҳо баҳои баландтарин гирифтаанд. Инчунин қарор шудааст, ки боз як лоиҳа ба ҷои севум пешбарӣ карда шавад.

Ба ғолиби озмун 1,5 миллион сом, ба ҷои дувум 1 миллион сом ва ба ҷои севум 250 ҳазор сом мукофотпулӣ дода мешавад.

Ба иттилои раёсат, ангораҳои интихобшуда ба фармоишгар - маъмурияти президент фиристода мешаванд. Қарор аст, "Манас айылы" аз ҳисоби пулҳои ҷалбшуда бозсозӣ шавад.

Маҷмааи "Манас айылы" ба муносибати 1000-солагии достони "Манас" - соли 1995 сохта шудааст. Он дар паҳлӯи меҳмонхонаи Иссиқкӯл, ки соли гузашта тахриб гашт, қомат афрохтааст.

XS
SM
MD
LG