Ссылки доступа

Бонки давлатии Қазоқистон бе маблағ ипотекаи навбатпоёнро тасдиқ кардааст


Бонки давлатии Қазоқистон, ки маҳз барои додани қарз ба хариди хона таъсис ёфтааст, дар шаш моҳ ҳамаи маблағи ҷудошуда барои ипотекаи боимтиёзро харҷ кардааст.

Дар натиҷа ҳудуди 150 нафар бо вуҷуди пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳо ва пешпардохти маблағ наметавонанд манзил гиранд.

В Казахстане "Отбасы банк" утвердил ипотеки, но денег на это у него нет
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:06 0:00

Амонатгузорон субҳи 19 июл ба бахши марказии "Отбасы Банк" дар шаҳри Нурсултон рафтанд. Ҳамаи онҳо, омӯзгороне ҳастанд, ки дар доираи барномаи қарздиҳии имтиёзноки "Шанирак" интихоб шуда, пеш аз ин, чандин сол дар ҳукумати маҳаллӣ дар навбати манзил буданд. Дар натиҷа, вақте ҳамаи ҳуҷҷатгузориҳо анҷом шуда, танҳо гирифтани калид боқӣ монда буд, бонк гуфт, ки "бояд ками дигар интизор шаванд".

Дар бонк ваъда додаанд, ҳамаи онҳое, ки гирифтани қарзашон аллакай тасдиқ шудааст, маблағҳои худро аз ҳисоби қарзгирандагони қаблӣ мегиранд. Аммо ин кор то моҳи августи соли равон номумкин аст.

XS
SM
MD
LG