"Се комиссия қонунвайронкуниро ошкор кард. Дар ин ҷо ҳеҷ гуна таҳқир нест. Далел вуҷуд дорад ва онро касе бекор накардааст. Мурофиаҳо идома доран ва нуқтаи ниҳоии ин масъала ҳанӯз гуфта нашудааст”, - изҳор доштааст Қутманова.
Қаблан вазири қирғиз гуфта буд, ки сарфи назар аз гузаштани кони тилои "Қумтор" ба ихтиёри ҳукумати ин кишвар ширкати канадагии “Сентерра” бояд ҷуброни қонуншикании экологӣ ҳангоми коркарди конро пардозад.
Қумтор бузургтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки солона аз он 15-17 тона тило истихроҷ мешавад. Ширкати Сентерра ба коркарди кони мазкур машғул буд ва Қирғизистон дар ширкат 26 дарсад саҳм дошт.
Баҳори соли 2021 вазъ атрофи кони тилои Қумтор якбора тағйир кард. Мақомоти Қирғизистон моҳи майи соли ҷорӣ дар кон мудирияти берунӣ таъйин карданд. Комисияи давлатии Қирғизистон аз ширкати Сентерра талаб кард, ки бояд 4 миллиарду 252 миллион доллар андоз ва ҷуброни зарари муҳитзистӣ пардозад.