Ссылки доступа

Дар Қароқалпоқистон дубора Интернет қатъ шуд


Интернет дар минтақаи худмухтори Қароқалпоқистони Узбекистон нисфирӯзии 19 июл, ҳамагӣ чанд соат баъд аз фаъол шуданаш дубора қатъ шудааст.

Сокинони шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон гуфтанд, Интернет 19 июл, тақрибан соатҳои 15:45 дубора қатъ шуд. Мақомоти Узбекистон ҳанӯз шарҳ надодаанд, ки чаро Интернет ҳамагӣ баъди ду соати фаъолшавияш дубора қатъ гашт.

Расонаҳои маҳаллии Узбекистон қаблан бо истинод ба манбаъҳои худ дар Нуқус хабар доданд, ки Интернет дар Қароқалпоқистон фаъол шуд.

Дар Қароқалпоқистон баъди ҳодисаҳои 1 ва 2 июли Нуқус вазъи фавқулода эълон гашт ва Интернет қатъ карда шуд.

Як қатор созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон Мишел Бачелет аз ҳукумати Узбекистон даъват карда буд, ки дастрасӣ ба Интернетро дар Қароқалпоқистон фароҳам кунад.

XS
SM
MD
LG