Ссылки доступа

Чин талош дорад, гузориши СММ дар бораи Шинҷон нашр нашавад


Чин аз Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар Мишел Бачелет дархост кардааст, ки гузориш дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон дар минтақаи Шинҷони он кишвар нашр нашавад.

Дар ин бора дар як номаи мақомоти Чин гуфта шудааст, ки дастраси хабаргузории Reuters гардид.

Дипломатҳои чинӣ дар нома аз гузориш дар бораи Шинҷон изҳори нигаронии ҷиддӣ кардаанд: "Мо аз Комиссари олӣ даъват мекунем, ки чунин арзёбиро нашр накунад".

Чин ин номаро дар миёни дипломатҳои кишварҳои дигар низ паҳн карда, аз онҳо дархост шудааст, ки онро ҷонибдорӣ кунанд. Се дипломат тасдиқ карданд, ки номаро дарёфт кардаанд. Худи дипломатҳои чинӣ нахостанд дар бораи нома суҳбат кунанд.

Созмонҳои ҳуқуқи инсон Пекинро дар нақзи ҳуқуқи ақалиятҳои мусулмон, аз ҷумла уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизҳо дар Шинҷон айбдор мекунанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, мақомоти Чин мусулмононро беасос боздошт карда, дар зиндонҳо ва “лагерҳои бозомӯзии сиёсӣ” нигаҳ медоранд. Чин ин иддаоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG