Ссылки доступа

Дар Қазоқистон мехоҳанд, соли таҳсилро дарозтар кунанд


Вазорати маорифи Қазоқистон мехоҳад, соли таҳсилро дар ин кишвар ду ҳафта дароз кунад.

Дар лоиҳаи як фармони вазири маорифи Қазоқистон омадааст, ки соли таҳсил барои хонандагони синфҳои якум минбаъд 35 ҳафта хоҳад буд. Дар ҳоли ҳозир он 33 ҳафта аст.

Ҳамчунин пешниҳод карда шудааст, соли таҳсили хонандагони аз синфи 2 то 11, ки дар ҳоли ҳозир 34 ҳафта аст, ба 36 ҳафта дароз карда шавад.

"Афзоиши соли хониш бо роҳи илова кардани ду ҳафтаи таълимии иловагӣ имкон медиҳад, ки шумораи дарсҳо дар як рӯз кам ва шиддати омӯзиши мавзуъҳои мураккаб коҳиш дода шавад", - гуфта шудааст дар лоиҳа.

Ҳамчунин ба назари вазири маорифи Қазоқистон, "коҳиши рӯзҳои таътили тобистона хатари фаромушшавии бахше аз донишҳои азхудшуда дар соли таҳсили қаблиро кам мекунад".

XS
SM
MD
LG