Ссылки доступа

Садҳо донишҷӯ дар артиш. Довталабони хидмат ё "ташна"-и кор дар идораҳои қудратӣ?


Садҳо донишҷӯро дар Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Вазири маориф гуфт, аксари онҳо хатмкунандаҳои бахши ҳуқуқшиносӣ буданд ва довталабона рафтанд.

Пештар гуруҳе аз донишҷӯён шикоят доштанд, ки мақомот зери фишор аз онҳо аризаву имзо гирифтаанд, то имтиҳонҳои хатмро пеш аз муҳлат супурда, ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ пайванданд.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 19-уми июл гуфт: "2 ҳазору 333 хатмкунандаи муассисаҳои оливу касбӣ ба артиш рафтанд. Тавре хабар доред, тибқи қонунҳо, шахсоне, ки мехоҳанд дар сафи ниҳодҳои қудратӣ кор кунанд, ҳатман дар сафи артиш хидмат карда бошанд."

Бар асоси қонуни нави хидмат дар артиш, ҷавононе, ки кафедраҳои ҳарбиро хатм мекунанд, танҳо пас аз 12 моҳи хидмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд. Онҳо дар гузашта бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ шуда, рутба мегирифтанд.

Мувофиқи қонуни пешина, магистрантҳо ва аспирантҳо, ҳаққи ба таъхир гузоштани хидмати сарбозиро ҳангоми таҳсил доштанд, аммо ҳоло аз ин имтиёз маҳруманд.

Раҳим Саидзода, вазири маориф, гуфт, таҳсил дар магистратура низ "як зинаи таҳсилоти олӣ аст ва замони хондан магистрантҳо бояд аз хидмат дар сафи артиш озод бошанд", аммо ҳамзамон афзуд: "Як нуктаи дигарро фаромӯш кардан даркор нест. Ҳар нафаре, ки мард аст, бояд дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хидмат кунад."

Коршиносон мегӯянд, даъвати иҷбории магистарантҳо ва аспирантҳо ба артиш сабаб шудааст, ки баъзе аз онҳо аз идомаи таҳсил даст кашида ё ба муҳоҷирати корӣ бираванд ва ё ба кори дигар гузаранд. Масъулони Вазорати маориф мегӯянд, "ҷалби донишҷӯёни хоҳишманд ба артиш ҳеч ҷойи нигаронӣ надорад".

Масъулони созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" моҳи майи имсол ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки намояндагони мақомот ба баъзе аз донишҷӯён фишор овардаанд, ки дар сурати саркашӣ аз навиштани ариза аз донишгоҳ ронда хоҳанд шуд.

Мунира Иноятова, вазири пешини маорифи Тоҷикистон, рӯзи 19-уми июл гуфт, артиши кишвар ба ҷавононе ниёз дорад, ки хоҳиши довталабона хидмат карданро доранд, на маҷбурӣ.

"Аспирант, вақте мехоҳад, дар ягон равияи илмӣ худро инкишоф диҳад, ба артиш ё кори ҳарбӣ худашро бахшида наметавонад. Бигзор, ҳар нафаре, ки касберо интихоб кард, аз рӯйи он кор кунад. Обрӯи артиш бояд ба дараҷае боло бурда шавад, ки ҷавон худаш равад ва гӯяд, ман хидмат мекунам. Баъзе иқдомҳое, ки роҳандозӣ мекунанд, на ҳамеша муваффақ мешавад," – шарҳ дод ӯ.

Дар Тоҷикистон баҳору тирамоҳ ҷавонони аз ҳаждаҳсола то 27-соларо ба артиш мебаранд. Сокинон мегӯянд, ба сабаби вазъи бад ва зарбу лат дар қисмҳои низомӣ аз фиристодани фарзандон худдорӣ мекунанд. Мақомот мегӯянд, бараъкс, вазъ беҳтар шуда, сафи ихтиёриён афзудааст. Ҳар сол дар бораи “сарбозшикор” ё маҷбурӣ ба артиш фиристодани ҷавонон гузориш мерасад.

XS
SM
MD
LG