Сарони Тоҷикистону Туркманистон пас аз анҷоми расмиёти дохилӣ дар кишварҳояшон ин санадро имзо хоҳанд кард.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов лаҳзаи имзои санадро таърихӣ номид.
Вай гуфт: "Бовар дорам, санади муҳим ба наздикшавии минбаъдаи кишварҳои мо, минтақаи мо ва муттаҳидсозии саъю кӯшишҳои муштарак дар роҳи бартараф кардани чолишҳо ва таҳдидҳои замони мо таъсири мусбат мерасонад. Ин як лаҳзаи таърихӣ аст ва умед дорам, ки созишнома заминаи боэътимоди шукуфоии муштарак дар Осиёи Марказӣ мегардад."
Ҳамчунин раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷамъбасти мулоқоти машваратӣ изҳороти муштарак ва қарор дар бораи тамдиди ваколатҳои президенти Бунёди наҷоти Арал, консепсияи ҳамкории кишварҳои ОМ ва барномаи минтақавиро имзо карданд.
Пештар Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон лоиҳаи фармони президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев "Дар бораи имзои Шартнома байни Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар бораи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди ОМ"-ро нашр карда буд.
Яке аз бандҳои шартнома панҷ кишвари ОМ-ро муваззаф мекунад, ки масъалаҳои баҳсбарангезро дар чаҳорчӯби созишнома ва танҳо бо роҳи муколама ҳал кунанд.