Кормандон аз раҳбарияти ширкат хостаанд, ки онҳоро то 3 август аз кор ҷавоб дода, як қатор масъалаҳоро ҳал намояд. Дар сурати иҷро нашудани ин талаб кормандон барои баргузор кардани эътирози осоишта дархост хоҳанд фиристод. Ширкат то ҳол шарти кормандонашро шарҳ надодааст.
Кормандони "Нова Синк" қаблан дар суҳбат бо нашрияи маҳаллии ekaraganda.kz гуфтанд, онҳое, ки дар кон кор мекунанд, моҳонаи муносиб намегиранд ва шароити корияшон низ бад аст.
"Моҳонаи мо кайҳо боз баланд нашудааст. Пештар низ кормандон корпартоӣ карда буданд. Ба мо ваъда дода буданд, ки баъди шаш моҳ шароити кориро беҳтар ва маошро баланд мекунанд. Мо ҳоло талаб дорем, ки маошамон 50 дарсад зиёд шавад. Шароити кори мо дар ҳолати ногувор қарор дорад”, - гуфтааст яке ангиштканҳо ба нашрия.