Дар ин бора расонаи "KaktusMedia" иттилоъ додааст. Ба навиштаи он, ҳайкали Назарбоев дар наздикии кул қомат афрохта буд. Эҳтимол онро як сол пеш гирифтаанд, зеро дар наворҳое, ки истироҳаткунандагон дар соли гузашта сабт карда буданд, он дида намешавад.
Маъмурияти президенти Қирғизистон то ҳол хабари кандани ҳайкали Назарбоевро шарҳ надодааст. Ин муҷассама соли 2005 дар наздикии кул бахшида ба 65-солагии Назарбоев гузошта шуда буд.
Хабари гирифтани муҷассамаи Назарбоев як рӯз пас аз мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон - Қосимҷомарт Тоқаев, Содир Ҷабборов ва Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Чолпон-Отаи Иссиқкул нашр шуд.