Ссылки доступа

Гумруки Хатлон ҳазорҳо ҷилди "Қуръон"-ро ба Афғонистон бозпас фиристодааст


Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон садҳо ҷилд китоби "Қуръон"-ро дубора ба Афғонистон бозпас гардонидааст. Ин китобҳоро аввали имсол як соҳибкор мехост ба Тоҷикистон ворид кунад, аммо мақомот онро барои ташхис мусодира карда буданд.

Суҳроб Зокиров, як масъули Раёсати гумрук дар вилояти Хатлон зимни нишасти хабарӣ гуфт, ин китобҳои "Қуръон" бидуни ҳамоҳангӣ бо Кумитаи дин оварда шуда буданд ва бинобар ҳамин, онҳоро ба Афғонистон бозпас фиристоданд. "Барои ворид кардани ин китобҳо ягон намуд иҷозатномаи Кумитаи дини Тоҷикистон набуд",-гуфт Зокиров.

Ин ниҳод аввали соли ҷорӣ гуфта буд, ки тасмими бозпас гардонидан ё иҷозаи фурӯшаро баъди хулосаи Кумитаи дин ва Кумитаи амният мегиранд.

Мақомот шумораи китобҳоро муаяйн нагуфтанд, вале тақрибан як донааш 2,50 килограм вазн дошта, аз забони арабӣ ба чанд забон баргардон шудааст.

Китобҳои Қуръон, ки вазни умумии он 13 тонна баркашида шудааст, аввали соли 2022 тариқи гузаргоҳи "Панҷи поён" вориди Тоҷикистон шуда буд.

Аз Раёсати гумруки вилояти Хатлон он замон ба хабарнигорон гуфтанд, ки соли 2021 тариқи гузаргоҳи "Кокул"-и Фархор 27 ҳазор ҷилд китоби "Қуръон" вориди Тоҷикистон шуд, ки бозпас ба Афғонистон баргардонида шуд.

Мақомоти Тоҷикистон чанд сол қабл тасмим гирифтанд, аз ин ба баъд ҷиҳати ҷилавгирӣ ва манъи вуруди адабиёти мамнуъ чораҳои қатъӣ андешанд ва китобҳое, ки алахусус аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, дигар мавриди ташхиси махсус қарор гиранд. Ин тасмими мақомот аз сӯи созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG