Ссылки доступа

Вакилони мудофеи Гулнора Каримова дар баҳси $303 млн дар додгоҳ пирӯз шуданд


Додгоҳи федеролии Швейтсария даъвои вакилони мудофиаи Гулнора Каримоваро дар робита ба фасодкорӣ қисман қонеъ кард. Ин қарори додгоҳ барои баргардонии 293 млн франк (303 млн доллар)-и ҳабсшуда метавонад, заминагузорӣ кунад.

Додситонҳои Швейтсария аз соли 2012 то кунун ҷанҷоли фасодолудеро нисбати Гулнора Каримова ва ширкатҳои мобилӣ таҳқиқ доранд, ки гӯиё барои ворид шудан ба бозори Узбекистон ба Гулнора пора додаанд. Гулнора Каримова дар фасодкорӣ ва пулшӯии бештар аз 865 млн доллар айбдор мешавад, ки ҳамчун пора аз се ширкати мобилӣ - МТС, VimpelCom ва TeliaSonera гирифтааст.

Дар моҳи сентябри соли 2020 Швейтсария ва Узбекистон ба созиш расида буданд, ки маблағҳои дар доираи парвандаи марбут ба Гулнора Каримова мусодирашуда ба Узбекистон баргардонида мешавад.

Гулнора Каримова соли 2015 нахуст ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда буд. Моҳи марти соли 2020 ӯро 13 солу чаҳор моҳи дигар "бо айби ғорати маблағҳои буҷа ва бастани созишномаҳои хилофи манфиатҳои Узбекистон, инчунин бо роҳи тамаъҷӯӣ аз худ кардани молу мулки ғайр" зиндонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG