Ссылки доступа

Баҳси Палата ва "Амонатбонк" бар сари 200 млн. сомонӣ (гулчин)


Kyrgyzstan - Oymo 2021 festival - 2021

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

-"Аз бедор шудан метарсам: метарсам, ки дубора дар зиндон меафтам". Сокини 18-солаи Алмато нақл кард, ки дар ҳодисаҳои моҳи январ чи гуна ӯро боздошт ва шиканҷа карданд (видео)

- Тоҷикистон шакарро аз Ҳинду Покистон меорад.

Дар пайи ҷанги давомдори Русия дар Украина, Душанбе водор шудааст, масири овардани шакарро дигар кунад. Пештар Русия ва Украина аз таъминкунандаҳои асосии шакар дар Тоҷикистон буданд, Ҳоло як бахши ин ҷойро Ҳинду Покистон гирифтаанд, вале мардум аз саифати он норозиянд (видео)

- Таҳқиқи қатли ду зан дар Идораи замини Деваштич.
Мақомоти интизомӣ дар Деваштич (Ғончии собиқ) қатли ду зани фаррошро дар Идораи замини ноҳия таҳқиқ доранд. То кунун ду гумонбар дастгир шуда, аммо ангезаи он маълум нест. Мақомот чизе намегӯянд. Пайвандони занон тахмини худро доранд ва муҷозоти гунаҳкоронро мехоҳанд (видео)

- Баҳси Палата ва "Амонатбонк" бар сари 200 млн. сомонӣ.
Намояндагони Палатаи ҳисоб дар "Амонатбонк" беш аз 200 миллион сомонӣ “камбуди молӣ” ёфтаанд, аммо аз он нигаронанд, ки “масъала пурра ҳал нашудааст”. Раҳбарияти “Амонатбонк” гуфтанд, мушкил бо гуноҳи муштариёне сар зад, ки қарз гирифта, сари вақт барнагардонданд (видео)

- Сокинони наздики шаҳри Бишкек бе оби ошомиданӣ монданд ​(видео Настоящее время)

- "Зарбаи сутунмуҳра аз чаҳор ҷой. Вақте маро заданд - қариб буд мемурдам". Самат Нурмуханов, сокини Алмато 45 сол дорад (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG