Ссылки доступа

Ду блогери узбекистониро 15-рӯзӣ ҳабс карданд


Ду блогери узбекистонӣ - Олимҷон Ҳайдаров ва Комил Ахмедов рӯзи 22 июл аз сӯи додгоҳи Қуқанд 15-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ шуданд.

Додгоҳ онҳоро дар "Омодасозӣ, нигаҳдорӣ ва ё паҳнсозии маводе, ки бадбинии миллӣ, нажодӣ, қавмӣ ва ё мазҳабиро таблиғ мекунад" айбдор донист.

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Узбекистон, Олимҷон Ҳайдаров рӯзи 28 июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки дар Қуқанд калисои ғайриқонунии масеҳиҳо амал мекунад. Вазорат мегӯяд, калисои мазкур аз соли 2019 расман фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG