Ссылки доступа

БАТР барои рушди роҳи оҳани Қазоқистон қарз дод


Бонки аврупоии тавсиа ва рушд (БАТР) ба ширкати миллии "Қазоқистон Темир Жолӣ" 50 млрд танга сармоягузорӣ мекунад. Ин маблағ барои "устувории молии роҳи оҳани Қазоқистон" ва "муосирсозии роҳи алтернативии ҳамлу нақл миёни "Аврупо ва Осиё" харҷ мешавад.

Ин нахустин сармоягузории БАТР бо пули миллии Қазоқистон аст.

"Сармоягузорӣ ба ширкати роҳи оҳани Қазоқистон устувории ин ширкати ватаниро боло мебарад. Ин сармоягузорӣ ҳамчунин равуои минтақавӣ ва байналхалқӣ ва амнияти тиҷоратро беҳтар месозад, зеро Долони миёна яке аз роҳҳои алтернативӣ барои ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан дар масири Чин-Аврупо аст", - гуфт роҳбари БАТР дар Қазоқистон Ҳусейн Озхан.

То чанде пеш 95 дарсади молу маҳсулот аз Чин ба Аврупо тавассути долони Шимол, аз Қазоқистон ба Русия ва Белорус ва Аврупо мегузашт. Дар БАТР гуфтанд, интиқолдиҳандагони байналхалқӣ дар ҷустуҷӯи роҳҳои иловагие ҳастанд, ки Русияро давр занад ва ба ҳамин далел талабот ба долони Миёна афзудааст. Ин долон Қазоқистон, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркияро тавассути баҳри Каспий дар бар мегирад. Ба ҳамин далел БАТР барои рушди он аҳамият медиҳад.

XS
SM
MD
LG