Ссылки доступа

Сокинони Алмато бо талаби мумфаршсозӣ роҳро бастанд (видео)


Рӯзи 25 июл сокинони ноҳияҳои Кеген ва Райимбеки вилояти Алмато шоҳроҳи Алмато-Норинкӯлро бо нишони эътироз зидди мақомоти давлатӣ бастанд. Наздики сад тан, ки роҳро бастанд, талаб карданд, роҳ мумфарш шавад.

"Соли гузашта ҳамагӣ 3 км роҳро мумфарш карданд, ки имсол хароб шуд. Роҳ комилан ғайри истифода аст. Мардум талаб доранд, ки роҳ зудтар таъмир шавад", - гуфт Макпал Шадан, яке аз фаъолони маҳаллӣ.

Мақомот, аз ҷумла ҳокими ноҳияи Кеген бо ду муовинаш ва кормандони пулис назди эътирозгарон омаданд.

Мақомот ваъда карданд, ки ширкати роҳсоз то 20 август таъйин ва таъмири роҳ шуруъ мешавад.

XS
SM
MD
LG