Ссылки доступа

"Раъйпурсӣ" дар бораи пайвастани вилоятҳои Херсон ва Запорожеи Украина ба Русия дар як рӯз баргузор мешавад


Мақомоти ишғолгари вилоятҳои Херсон ва Запороже гуфтанд, ният доранд, "раъйпурсӣ"-и пайвастан ба Русияро дар як рӯз баргузор кунанд.

Кирилл Стремоусов, ки аз сӯи мақомоти Русия "муовини роҳбари ҳукумати низомиву шаҳрвандии вилояти Херсон" таъйин шудааст, дар суҳбат ба расонаҳои Русия гуфт, "мақомоти вилояти Херсон пешниҳоди вилояти Запорожеро дар бораи баргузории раъйпурсӣ дар як рӯз қабул доранд".

Владимир Рогов, ки худро "узви шӯрои асосии ҳукумати низомиву шаҳрвандии вилояти Запороже" меномад, гуфт, баргузории "раъйпурсӣ" дар як рӯз "имкон медиҳад, ки теъдоди иғвогариҳо аз сӯи Украина коҳиш дода шавад".

"Мо омода мешавем, масъалаҳои зиёде ҳаст, ки то раъйпурсӣ бояд ҳал кунем", - гуфт Рогов.

Пештар хабар расида буд, ки ин "раъйпурсӣ" метавонад, дар нимаи аввали моҳи сентябр баргузор шавад.

Мақомоти Русия расман рӯзи "раъйпурсӣ"-ро эълом накардаанд.

Шуруъ аз 11 июн дар ҳудуди ин ду вилояти аз сӯи низомиҳои Русия ғасбшуда тақсими шиносномаи Русия ба роҳ монда шудааст. Пештар президенти Русия фармони ба таври содда додани шаҳрвандии Русияро ба сокинони Украина имзо кард.

XS
SM
MD
LG