Ссылки доступа

Толибон гуфтанд, Афғонистон дигар ба Узбекистон таҳдид намекунад


Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон Амирхон Муттақӣ дар мулоқот бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон Владимир Норов дар шаҳри Тошканд гуфт, ки Афғонистон дигар барои Узбекистон ва кишварҳои минтақа хатар эҷод намекунад.

Дар ин бора аз вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 26 июл хабар доданд.

Муттақӣ барои иштирок дар конфронси байналхалқии "Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ" вориди Тошканд шудааст.

Дар мулоқоти Муттақӣ бо Норов масоили тақвият ва рушди муносибатҳои Узбекистону Афғонистон баррасӣ шудааст.

Норов аз ҷониби Афғонистон даъват кардааст, ки талабҳои асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла таъсиси ҳукумати фарогир, риояи ҳуқуқи занон ва ақалиятҳои миллӣ, таъмини дастрасии духтарон ба таҳсилро иҷро кунанд.

Конфронси "Афғонистон: амният ва рушди иқтисодӣ" рӯзи 25 июл шуруъ ва рӯзи 26 ба поён расид. Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон пештар хабар дода буд, ки бештар аз 20 давлат ва созмонҳои хориҷӣ хоҳиши иштирок дар конфронсро доранд.

XS
SM
MD
LG