Ссылки доступа

Чораҳои зидди коронавирусро дар Туркманистон сахттар мекунанд


Дар Туркманистон чораҳои зидди паҳншавии вабои коронавирусро сахттар мекунанд.

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки рӯзи 25 июл дар пойтахти Туркманистон шаҳри Ишқобод гуруҳҳои корӣ дар кӯчаҳо маводи зидди вабо мепошанд ва ба сокинон тавсия медиҳанд, ки ниқоб пӯшанд.

"Одамон ба напӯшидани ниқоб одат карданд. Акнун талаб доранд, ки дубора ниқоб пӯшанд. Шуруъ аз 25 июл кӯдакон дар боғчаҳо вазифадор шудаанд, ки бо худ маводи зидди паҳншавии вабо биоранд", - хабар доданд сокинони Ишқобод.

Эҳтимол меравад, ки дар Туркманистон шуруъ аз 1 август дубора маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус баргарданд.

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Туркманистон мегӯяд, дар ин кишвар ҳеч ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

XS
SM
MD
LG