Ссылки доступа

Додситони рус гила кард, ки шаҳрвандони “кишварҳои дӯст” аз тарафи Украина меҷанганд


Игор Краснов, Додситони кулли Русия бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ мулоқот кард.

Додситони кулли Русия гуфтааст, аз ширкати шаҳрвандони аксар кишварҳои шӯравии собиқ дар ҷанг аз ҷониби Украина ба муқобили Русия нигаронанд.

Игор Краснов рӯзи 26-уми июл дар Душанбе дар мулоқот бо додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон гуфт, афзоиши сарбозони кироя ва силоҳ дар Украина “як таҳдиди фавқулодда” барои кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ мебошад.

Русия, Белорус, Узбекистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон ва Молдова, нӯҳ кишвари шӯравии собиқ узви созмони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ мебошанд.

Ба навиштаи хабаргузории расмии русии ТАСС, Краснов дар дидор бо Юсуф Раҳмон гуфтааст: “Дар вазъияти кунунии вобаста ба ҳодисаҳо дар Украина, ин таҳдидҳо афзоиш меёбанд. Имрӯз кишварҳои мо дар пешорӯи таҳдидҳои наву фавқулодда хатарнок қарор доранд, мисли ширкати шаҳрвандони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ дар амалиёти ҷангӣ ба ҳайси сарбозони кироя, паҳншавии силоҳ, муҳимоти ҷангӣ ва маводи мухаддир”. Додситони кулли Русия гуфтааст, “барои аз байн бурдани ин таҳдидҳо” кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ ва сохторҳои ҳифзи қонун бояд шеваи ҳамкориро мутобиқ ба талаботи замон “манфиатнок” гардонанд.

Маълум нест манзури Краснов чӣ аст ва ҳам посухи ҷониби Тоҷикистон ба ин сӯҳбатҳо чӣ будааст, чун ҷузъиёти дидору гуфтугӯҳои додситонҳо дар матбуоти расмии ду кишвар то ҳол нашр нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон аз замони шурӯи ҷанги Русия алайҳи Украина рӯзи 24 феврал ҳеҷ гоҳ ба таври ошкоро мавқеи худро дар ин бора баён накардаанд ва танҳо таҳлилгарону огоҳони умур тахмин мекунанд, ки дар асл раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон аз ин ҷанг хушнуд нест.

Бар асоси хабарҳои парокандаи матбуот, дар давоми шаш моҳи гузашта ширкати бархе тоҷикистониҳо ҳам аз ҷониби Русия ва ҳам Украина расонаӣ шудааст. Бо ин ки дар Тоҷикистон қонун ширкати тоҷикистониҳоро дар ҷангҳои хориҷӣ ҷинояти сангин арзёбӣ мекунад, мақомот дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ нагуфтаанд, ки оё қонуни мазкур нисбати шаҳрвандони ширкатдори ҷанги мудҳиштарин дар Аврупо дар асри 21 татбиқ мешавад ё на. То ҳол ин банди қонун нисбати ҷангҷӯёну пайвандони ҷангҷӯёни ДОИШ ва аъзои гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистону Эрону Покистон татбиқ шудааст.

Эҳтимол меравад, ҳоло Русия, ки кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъро таҳти ҳарими сиёсии худ қарор додааст, талош мекунад кишварҳои узвро барои ба навъе пуштибонӣ аз манфиатҳояш дар ин ҷанг истифода кунад.

Хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, ки рӯзи сешанбе дар Душанбе ва Юсуф Раҳмон барномаи ҳамкории миёни ин сохторҳоро то соли 2024 ҳам имзо карданд ва ин ҳамкориҳо муборизаи муштарак алайҳи ҷинояткорӣ ва таҳдидҳои мисли терроризму ифротгароиро дар назар мегирад.

XS
SM
MD
LG