Ссылки доступа

Кони тилои Қумтор комилан ба ихтиёри Қирғизистон мегузарад


Девони вазирони Қирғизистон рӯзи 26 июл дар робита шартҳои созиши ширкати канадагии Centerra Gold Inc бо ҷониби Қирғизистон изҳорот нашр кард.

Дар изҳорот омадааст, ки "девони вазирон аз қарори маҷлиси саҳмдорони ширкат истиқбол мекунад".

Дар девони вазирони Қирғизистон гуфтанд, "чанд нуктаи дигари техникӣ боқӣ мондааст, ки Қумтор комилан таҳти назорати ҷониби Қирғизистон гузарад".

Рӯзи 25 июл дар ҷаласаи ғайринавбатии саҳҳомони ширкати канадагии Centerra Gold Inc. тасмим гирифта шуд, ки бо ширкати "Қирғизолтин" ва ҷониби Қирғизистон созиш карда шавад.

Ширкати канадагии Centerra Gold Inc. тавассути ширкати фаръии "Қумтор Голд Компани" ба коркарди кони тилои Қумтори Қирғизистон машғул буд. Дар ин кон солона то 15-17 тона тило истихроҷ мешуд. Қирғизистон дар кон 26 дарсад саҳм дошт.

Моҳи майи соли 2021 ҳукумати Қирғизистон идораи конро ба ихтиёр гирифт. Дар натиҷа ширкати канадагӣ ба додгоҳҳои байналхалқӣ шикоят бурд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ девони вазирони Қирғизистон ва ширкати Centerra Gold Inc. ба созиш расиданд. Бино ба ин созиш, Қирғизистон ба молики ягонаи кон табдил шуд ва 26 дарсади саҳми Қирғизистон ба ширкати канадагӣ дода шуд.

XS
SM
MD
LG