Ссылки доступа

Сафари муҳоҷирони тоҷик ба Русия ду баробар зиёд шудааст


Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Сарфи назар аз таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Русия, сафари муҳоҷирони тоҷик ба ин кишвар ду баробар зиёд шудааст.

Масъулини Вазорати меҳнат ва муҳоҷират сабаби инро ба хуб будани шароити кор дар Русия бастагӣ доданд, аммо муҳоҷирон мегӯянд, ҷуз Русия интихоби дигаре надоранд. Баъд аз ҳамлаи бедалели неруҳои рус ба хоки Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримҳои вазнин ҷорӣ карданд ва даҳҳо ширкат корро дар Русия қатъ карданд.

Муҳоҷирати тоҷикон ва бозгашти онҳо афзудааст
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:19 0:00

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 26-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол зиёда аз 322 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Ба гуфтаи вазир, теъдоди муҳоҷирон дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар аст.

Тибқи оморҳои расмӣ 90 дарсади муҳоҷирони тоҷик ба Русия мераванд. Ду баробар афзоиш ёфтани сафари муҳоҷирон ба Русия дар ҳолест, ки рафтани муҳоҷирони узбек ба Русия имсол 5,6 дарсад кам шудааст. Баъди ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия, муҳоҷирони узбек бештар рӯ ба Кореяи Ҷанубӣ овардаанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ зимни нишасти хабарӣ аз вазири меҳнат Ширин Амонзода дар бораи таъсири таҳримҳо алайҳи Русия ба кори муҳоҷирони тоҷик суол кард. Хонум Амонзода аз посухи мушаххас худдорӣ карда танҳо гуфт, “ҳамагуна ҳолатҳои буҳронӣ аз тарафи мутахассисон омӯхта мешавад.”

Як мақомдори дигари Вазорати меҳнат ва муҳоҷират мегӯяд, сарфи назар аз таҳримҳо алайҳи Русия иқтисоди ин кишвар ҳанӯз мустаҳкам аст.

“Баъди таҳримҳо мо чанд эҳтимолро пешбинӣ кардем. Яке аз ин эҳтимолҳо бозгашти оммавии муҳоҷирони тоҷик ба ватан буд. Барои таъмини ин афрод бо ҷойи кор мо бо шарикони рушд омодагӣ доштем. Хушбахтона ин ҳолат пеш наомад. Имсол боздошт ва ихроҷи муҳоҷирон ҳам хеле кам шуд. Интиқоли маблағи муҳоҷирон ҳам ба ватан зиёд шуд,”-афзуд ин масъули Вазорати меҳнат ва муҳоҷират.

Хушбинии ин масъули баландпояи Вазорати меҳнат дар ҳолест, ки созмонҳои молии ҷаҳонӣ мегӯянд, таҳримҳо алайҳи Русия ба кори муҳоҷирон зарба хоҳад зад. Аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши охири худ – "Ҷанг дар минтақа" – дар робита ба Тоҷикистон навишт, "ҳамлаи Русия ба Украина сабаби 2 дарсад коҳиш ёфтани рушди иқтисод ва 40 дарсад кам шудани пули интиқолии муҳоҷирон дар соли 2022 хоҳад шуд."

Муҳоҷирони тоҷик сабаби асосии рӯ овардан ба Русияро аз ночорӣ медонанд. Бахтиёр Норов, як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Новосибирск мегӯяд, дар Тоҷикистон ҷойи кор надорад ва бо вуҷуди ҳама сахтиҳо маҷбур аст ба Русия равад. “Бисёр мехоҳам ба Корея ё ягон кишварҳои Аврупо равам. Аммо барои онҷо рафтан раводид даркор аст. Қазоқистон равем, назар ба Русия пули камтар меёбем. Ба ғайр аз Русия рафтан дигар илоҷ нест,”-мегӯяд ин муҳоҷири тоҷик.

Бахтиёр Норов дар сохтмон кор мекунад ва мегӯяд, таҳримҳо даромади онҳоро камтар кард. Ба гуфтаи ин муҳоҷир, ӯ ва ҳамроҳонаш аввали имсол барои сохтани ду бӯстонсаро бо корфармо маслиҳат карданд. Вале ба гуфтаи Бахтиёр, моҳи апрел корфармо гуфт, ки “то вазъият аниқ шудан” аз сохтани бӯстонсаро даст мекашад.

“Солҳои гузашта дар мавсими асосии кор, яъне фасли тобистон, моҳона 100 ҳазор рубл ва бештар кор мекардем. Имсол то 60 ҳазор рубл меёбем. Болои ин нархҳо як баробар боло рафтанд, хароҷоти мо дар инҷо зиёд шуд. Фақат як хуби аст, ки қурби рубл баландтар шуд,”-афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Бино ба арзёбии созмонҳои байнулмилалӣ, пули интиқолии муҳоҷирони тоҷик ба сеяки Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) баробар аст. Иқтисоддонҳо мегӯянд, ин бор рукуди иқтисод дар Русия давомдор хоҳад буд. Буҳрони пешомада аз кулли буҳронҳои пешина фарқ мекунад ва Душанбе набояд минбаъд ба умеди Маскав ва пули муҳоҷиронаш аз Русия шавад.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар гузориши ахираш теъдоди муҳоҷирони тоҷикро қариб 693 ҳазор гуфтааст. Ба гуфтаи масъулини Хадамот, наздики 661 ҳазор ё 90 дарсади ин муҳоҷирон дар Русия ҳастанд. Пештар бархе мақомдорони Русия теъдоди муҳоҷирони тоҷикро беш аз як милион гуфта буданд.

Тибқи омори тозаи Хадамоти муҳоҷират, 10,5 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон, 1639 дар Украина, 7776 дар Қирғизистон ва 8218 дар кишварҳои хориҷи дур кор мекунанд. Шубҳаву гумонҳо ба оморҳои расмӣ зиёд аст ва бархеҳо теъдоди муҳоҷирони тоҷикро бештар аз омори расмӣ медонанд. Талошҳои мақомот барои боз кардани роҳҳои нав барои муҳоҷирон, аз ҷумла ба Корея ва Қатар, натиҷаи дилхоҳ надодааст. Мақомот имсол тавонистанд, танҳо 126 нафарро ба Британияи Кабир фиристанд.

XS
SM
MD
LG