Ссылки доступа

Бритониё нисбати хоҳарзодаҳои Алишер Усмонов таҳрим ҷорӣ кард


Бритониё нисбати вазири адлияи Русия ва бародарзодаҳои сарватманд Алишер Усмонов таҳрим ҷорӣ кард.

Ба илова, сармуҳаррири оҷонсии хабарии давлатии Русия Sputnik International Антон Анисимов ва блогери бритониёӣ Грэм Филлипс шомили таҳримҳо шудааст, ки бо телевизиони русии RT ва "Звезда" ҳамкорӣ мекард.

Дороии онҳое, ки шомили таҳримҳо шудаанд, дар Бритониё ба ҳабс гирифта мешавад. Алишер Усмонов, сарватманди узбектабори Русия, баъди ҳамлаи Русия ба Украина ҳамроҳ бо дигар сарватмандони Русия шомили таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо шудааст.

Дар доираи ин таҳримҳо Усмонов аз ҳаққи сафар ба Иттиҳоди Аврупо маҳрум ва дороиҳояш дар Иттиҳоди Аврупо ҳабс шудааст.

Ба иттилои вазорати корҳои хориҷии Бритониё, Алишер Усмонов қисме аз дороиҳояшро ба номи хоҳараш Гулбаҳор Исмоилова сабт кардааст.

Акнун дар Бритониё ҳамаи дороиҳои Исмоилова ҳабс шуда, сафари вай ба Бритониё манъ гардидааст.

XS
SM
MD
LG