Дар ин бора рӯзи 27 июл вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷеенбек Кулубоев хабар дод.
Ба иттилои вазир, аз теъдоди 744 нафар 566 кас ба Қирғизистон баргашта, боқимондаҳо ба кишварҳои дигар рафтаанд.
Мақомоти Қирғизистон пештар хабар дода буданд, ки дар сафорати Қирғизистон дар Украина 680 қирғизистонӣ сабт шудааст. Сафорати Қирғизистон хабар дода буд, ки дар маҷмуъ дар Украина 1350 қирғизистонӣ истиқомат мекунад. Баъди шуруъи ҷанг қирғизистониҳо тавассути Маҷористон, Лаҳистон, Молдова, Руминия, Булғористон ва Туркия берун оварда шуданд.