"Бархе аз саҳифаҳои хабарӣ шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғизистонро ба корҳои дорои маоши баланд дар Русия даъват мекунанд. Ҳадафи асосии ин гуна таблиғҳо ҷалби шаҳрвандон ба минтақаҳои ҷангӣ миёни Русия ва Украина аст. Дар робита ба ин аз ҳамватанон даъват мекунем, ки ба ин гуна эълонҳои ғайрирасмӣ бовар накунанд", - омадааст дар хабари Оҷонси муҳоҷирати хориҷӣ.
Мақомоти Узбекистон мегӯянд, иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ба ҳайси зархарид аз 5 то 10 соли зиндон дар пай дорад.
Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару гузориш нашр шуда буд, ки Ширкати хусусии низомии "Вагнер"-и Русия шаҳрвандони Узбекистону Қирғизистон барои ҷанг дар Украина киро мекунад. Бино ба хабари расонаҳо, барои иштирок дар ҷанг моҳона то 240 ҳазор рубл пешниҳод мешавад.