Ссылки доступа

Вазири корҳои дохилии Қарақалпоқистон баъди як моҳи эътирозҳо барканор шуд


Амонбой Оринбоев, вазири корҳои хориҷии Қарақалпоқистони Узбекистон аз мақом барканор шуд.

Оринбоев муовини раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Қарақалпоқистон дар умури муҳитзистӣ таъйин шудааст.

Вай моҳи марти соли 2022 ба мақоми вазирӣ таъйин шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 23 июл додситони кулли Қарақалпоқистон низ иваз шуда буд.

Тағйироти ахир дар ҳолест, ки рӯзҳои 1-2 июл дар Қарақалпоқистон эътирози оммавӣ рух дод.

Сокинон зидди тағйироти нав ба Конститутсия буданд, ки мухторияти Қарақалпоқистонро бекор ва ин ҷумҳуриро аз ҳаққи берун шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум мекард.

Эътирози сокинон тавассути низомиҳо пахш шуд. Мақомоти Узбекистон рӯзи 4 июл гуфтанд, дар ҷараёни эътирозҳо 18 кас кушта, 516 тани дигар боздошт шудааст. Порлумони Узбекистон ҳамон рӯзи 4 июл бо қабули як қарор мавқеи Қарақалпоқистонро ҳифз кард.

XS
SM
MD
LG