Ссылки доступа

Дар гармои тобистон дар Узбекистон "30 рӯзи зарбдор"-и пахтапарварӣ эълом шуд


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласа рӯзи 27 июл "30 рӯзи зарбдор"-и пахтаварварӣ эълом кард.

Мирзиёев гуфт, тағйири иқлим дар солҳои охир барои пахтапарварон мушкилоти наверо эҷод кардааст. Вай гуфт, 10 рӯзи охир гармии ҳаво дар Узбекистон ба бештар аз 43 дараҷа расидааст. Мирзиёев ба раисони вилоятҳои дастур дод, "30 рӯзи зарбдор" эълом кунанд.

Президенти Узбекистон гуфт, гармиҳои камсобиқа барои пахтапарварон вазъи фавқулодаро ба бор овардааст. Вай дар ҷаласаи рӯзи 27 июл гуфт, ки ба ин далел бояд барои ҳифзи ҳосил ҳамаи талошро анҷом дод.

XS
SM
MD
LG