Ссылки доступа

Аз зери харобаҳои биное дар Украина ҷасади як узбекистониро берун оварданд


Дар шаҳри Чугуеви Украина наҷотдиҳандагон ҷасади Сардор Ҳакимови 36-сола, зодаи Узбекистонро аз зери харобаҳои Кохи фарҳанг берун оварданд.

Чугуев рӯзи 26 июл мушакборон шуд. Ҳакимов чаҳор фарзанд дошт, ки дар Узбекистон зода ва дар Украина зиндагӣ мекард. Сардор Ҳакимов дар оғози ҷанги Русия зидди Украина ба сокинон ройгон ош тақсим мекард.

"Ӯро ҳамаи мардуми Чугуев медонист. Ҳама умед доштанд, ки Сардор Ҳакимов зинда аст", - гуфт сардори раёсати низомии вилояти Харков Олег Синегубов.

Ба иттилои мавҷуда, Сардор Ҳакимов ош омода мекард, ки ба Кохи фарҳанги Чугуев ҳамла сурат гирифт.

Расонаҳои Украина навиштанд, ки Ҳакимов аз солҳои 2000-ум дар вилояти Луганск истиқомат мекард. Баъди соли 2014 вай ба Чугуев кӯчида буд. Дар Чугуев Ҳакимов ошхонаи ғизоҳои узбекӣ ва мағозаи адвияҷот кушода буд.

XS
SM
MD
LG