Як сокини шаҳри Тошканди Узбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки раисон ва кормандони маҳаллаҳои Тошкандро меомӯзонанд, ки "дар сурати иштирок накардани мардум дар раъйпурсӣ чӣ кор кунанд".
"Сарфи назар аз он ки расман дар бораи омодагӣ ба раъйпурсӣ хабаре нест, дар маҳаллаҳо омодагиҳо дида мешавад. Раисони маҳаллаҳоро чанд ҳафта аст, ки омӯзиш медиҳанд. Ҳатто кормандони беморхонаҳоро омода мекунанд", - гуфт сокини Тошканд.
Санаи баргузории раъйпурсӣ ҳамоно маълум нест.
Порлумони Узбекистон рӯзи 15 июл муҳлати баррасии умумии тарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро то 1 август тамдид карда буд.
Тарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Узбекистон рӯзи 25 июн ба баррасии умумӣ гузошта шуд. Аммо баъди ҳодисаҳои рӯзҳои 1 ва 2 июл Порлумони Узбекистон муҳлати баррасиро тамдид кард.