Дар ҳамин ҳол, Русия дар пайи хабарҳо дар бораи камбуди неруҳояш, ба минтақаҳои марказии Украина ва наздикии шаҳри Киев мушак мепартояд.
Низомиҳои Украина гуфтанд, тавассути ҳавопаймо ба панҷ такягоҳи Русия дар вилояти Херсон зарба задаанд. Киев бузургтарин ҳамлаи ҷавобиро аз оғози ҷанг шуруъ карда, талош дорад, ки неруҳои Рурсия дар наздикии Херсон ба муҳосира гирад.
Дар ҳафтаҳои охир Украина маҷмааҳои мушакии Ғарбро истифода карда, се пули болои Днепро хароб ва ба ин тартиб, таъмини неруҳои Русияро дар тарафи дигари дарёи Днепр душвор кард.
Вилояти Херсони Украина аз сӯи неруҳои Русия ғасб шудааст.