Ссылки доступа

Қудратиҳои Қазоқистон хонаи як гумонбар ба таҷовузро муҳофизат мекунанд


Неруҳои махсуси Қазоқистон барои пешгирӣ аз муҷозоти худсарона ё ба истилоҳ "самосуд"-и як гумонбар дар таҷовуз ва куштори духтари 15-сола ба деҳаи "Шолакай"-и вилояти Жетисуи он кишвар сафарбар шудаанд.

Бино ба иттилои нашрияи маҳалии "Время", қудратиҳо хонаи гумонбарро муҳофизат карда, даромадан ва баромадан аз деҳаро назорат мекунанд.

Манобеъ ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мақомот Интернети деҳаро қатъ карданд. Гумонбар уйғуртабор ва ҷабрдида қазоқ аст.

Хабари бедаракшавии Куралай Кисабековаи 15-сола шоми 21 июл расонаӣ шуд. Дертар сокинон ва кормандони пулис ҷасади ӯро дар канори деҳа пайдо карданд. Дар робита ба ин куштор сокини 38-солаи маҳаллӣ дастгир карда шуд.

Гумонбар гуфтааст, духтарро баъди таҷовуз ба қатл расонда, ҷасадашро оташ задааст.

XS
SM
MD
LG