Ссылки доступа

Дар сӯхтори хобгоҳи Маскав ду муҳоҷири узбек ҷон бохтааст


Ду тан аз муҳоҷироне, ки дар сӯхтори як хобгоҳ дар шаҳри Маскави Русия ҷон бохтанд, шаҳрвандони Узбекистон ҳастанд.

Хабаргузории "Podrobno.uz" бо истинод ба Оҷонси муҳоҷирати кории хориҷии Узбекистон иттилоъ додааст, ки дар ин оташсӯзӣ ду шаҳрванди ин кишвар, соли таваллудашон 2003 ва 1986 ба ҳалокат расидааст.

Хабаргузории русии "Интерфакс" бо такя ба манбаъҳои худ иттилоъ дода, ки муҳоҷирони ҳалокшуда шаҳрвандони Русия, Белорус, Узбекистон ва Озарбойҷон мебошанд.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар ин сӯхтор 8 муҳоҷири корӣ ба ҳалокат расида, се тани дигар маҷруҳ шудаааст. Бахши ҳолатҳои фавқулодаи Маскав рӯзи 29-уми июл хабар дод, ки сӯхтор дар кӯчаи Алматои пойтахти Русия, дар ошёнаи аввали бинои 16-табақа рӯй додааст.

XS
SM
MD
LG