Ссылки доступа

Қазоқистон чанд шаҳрванди Узбекистонро боздошт кардааст


Кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Мангистауи Қазоқистон чанд шаҳрванди Узбекистонро боздошт кардаанд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии раёсат, аз ин шаҳрвандони Узбекистон "740 грамм маводи мухаддир дарёфт ва мусофида шудааст".

"Ҳангоми кофтукоби ҷои кори яке аз боздоштшудагон маводи мухаддири навъи "мефедрон" дарёфт шуд, ки вазни умумии он 200 граммро ташкил медиҳад. Ин гурӯҳ миқдори зиёди маводи мухаддирро барои паҳн кардан дар шаҳри Актау харидорӣ намуда буданд", - афзудааст дафтари матбуоти раёсат.

Боздоштшудаҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, нисбаташон бо банди "Ғайриқонунӣ омода, коркард, ба даст овардан, нигоҳ доштан, интиқол ё фурӯши воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ" парванда боз гаштааст.

XS
SM
MD
LG