Ссылки доступа

"Citilink" миёни Индонезия ва Узбекистон парвозҳои арзонро ба роҳ мемонад


Ширкати ҳавопаймоии арзони Индонезия - "Citilink" мехоҳад, парвозҳои ҳавопайморо миёни ин кишвар ва Узбекистон роҳандозӣ кунад.

Дар ин бора намояндагони ҳукумати Узбекистон баъди гуфтугӯ бо мудири тиҷории ширкат Ихван Агус хабар додаанд.

Дар ҷараёни гуфтугӯ ба ҷониби Индонезия дар бораи имкони ташкили сафари транзитӣ тариқи шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ҳангоми парвоз дар доираи барномаҳои сайёҳии "Умра-плюс" ва "Узбекистон-плюс зиёрат" маълумот дода шудааст.

Мудири тиҷории ширкат аз пешниҳод истиқбол карда, гуфтааст, шаҳрвандони Индонезия аз "сафари якранг тавассути шаҳри Истамбул ба шаҳри Ҷидда хаста шудаанд".

XS
SM
MD
LG