Додситони кулли Қазоқистон Елдос Килимҷанов, 18-уми июл гуфта буд, ки дар доираи парвандаҳои марбут ба ҳодисаҳои моҳи январ 83 нафар, ки ба гуфтаи муфаттишон, ба "ҷиноятҳои вазнини марбут ба зӯроварӣ ба мансабдорони давлатӣ ва нобуд кардани амвол" даст задаанд, маҳкум ба зиндон шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҷамъан дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар он кишвар 429 парвандаи ҷиноӣ ба додгоҳ фиристода шуда, дар умум 545 кас ҷазо гирифтааст.
Додситони кулли Қазоқистон афзуда буд, ки 349 каси дигар бо гумони даст доштан дар нооромиҳои мазкур дар ҳабс ҳастанд ва беш аз ду ҳазор силоҳи дуздидашуда ҳанӯз ҳам дар дасти "ҷинояткорон" аст.