Ссылки доступа

Рӯзе то 500 сомонӣ. Садҳо нафар дар соҳили Зарафшон кор ёфтаанд


Мақомот дар Суғд мегӯянд, 3,5 ҳазор сокини вилоят дар маконҳои зархез ба пайдо кардани тилло машғул шудаанд.

Пас аз онки дар соли 2019 ҳукумат иҷоза дод, ки сокинон бо даст заршӯӣ кунанд, садҳо сокини ин вилоят дар соҳили рӯдхонаҳо ҷойи кори худро пайдо карданд.

Онҳо тиллои пайдокардаашонро ба ҳукумат мефурӯшанд ва аз ин роҳ зиндагии худро ба роҳ мемонанд.

Отабек Усмонов, аз ноҳияи Ашт, ду сол аст, ки барои заршӯӣ ба водии Зарафшон меравад. Ҳарчанд ин кораш мавсимӣ аст ва танҳо дар баҳору тирамоҳ метавонад аз соҳили руд зарраҳои қимматбаҳо ба даст орад, вале ин корро аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия беҳтар медонад.

Ӯ гуфт, пештар дар сардтарин минтақаи Русия, Сибир кор мекард, ки шароиташ бисёр сахт буд. “Ҳоло дар инҷо корро омӯхтем ва ҳуҷҷат таҳия кардем. Аз ин кор мо даромади нағз мегирем. Агар дар Русия барои як рӯз хеле кори зиёд кунем, ҳамагӣ ду ҳазор рубл мегирифтем, инҷо бошад, бе патент бо хости худамон кор мекунем. Ҳаминҷо бемалол зиндагӣ карда корамонро пеш мебарем”,--гуфт ӯ.

Отабек мегӯяд, дар 7-8 соати як рӯзи корӣ то 4 грам тилло ба даст меоранд ва ба ҳисоби миёна 500 сомонӣ кор мекунанд. Ӯ дар 3 рӯз метавонад маоши миёнаи корхонаҳои давлатиро ба даст орад.

“Ҳар касе хоҳад, омада кор карда метавонад. Ин рӯди Зарафшон 400 километр аст ва ҳарду соҳилаш 800 километр мешавад. Инро мо шуста тамом карда наметавонем ва ба Самарқанд ҷорӣ шуда истодааст. Агар ҳаминхел назар кунем, дар як рӯз то якуним тонна тилло ҷорӣ мешавад ва ғайри он боз дигар сангҳои қимматбаҳо низ ҳаст”,--гуфт ӯ.

Дар якуним соли гузашта тақрибан 3,5 ҳазор хоҳишмандон иҷозатномаи кори заршӯӣ дар рудхонаву мавзеъи дорои ин навъи кандании фоиданокро аз Вазорати Молия ба даст овардаанд. Нархаш вобаста ба сифати он ва бо нархи умумии биржа муайян гардидааст. Арзиши иҷозатнома 80 сомонӣ аст.

Рӯзӣ Холов, 40 сол боз дар соҳили руди Зарафшон ба заршӯйӣ машғул аст. Вай ин корро дар замони Шӯравӣ оғоз карда буд, вале дар замони истиқлолият чандин сол натавонист бо ин кор шуғл варзад. Баъди иҷозаи дигарбора ҳоло бо ҷалби коргарон ин корро пеш мебарад.

“Ба тарзи пинҳонӣ меомадему бо тарсу воҳима кор мекардем. Агар ягон шахси бегонаро медидем, ҳамаи он коркардҳоямонро ба дарё меандохтем, то ин ки дастгир нагардем. Лекин ҳоло хуб шуд, ки барои ҳамин кор боз иҷозат доданд. Мардум меоранду месупоранд ва пули хуб мегиранд. Ҳатто дар бозори сиёҳ ин нарх нест”,--гуфт Рӯзӣ Холов, заршӯй.

Аксари заршӯён бо таҷҳизоти худсохт фаъолият мебаранд ва қисми ками онҳо бо даст ёфтани маблағ онро аз хориҷа меоранд. Ҳарчанд ин навъи корро пурмашаққат мегӯянд, вале аз будани кору маблағи он қаноатманд ҳастанд. Рӯди Зарафшон аз Кӯҳистони Масчоҳ сарчашма гирифта ва ноҳияҳои Айнию Панҷакентро гузашта, то ба Самарқанду Бухорои Узбекистони имрӯза меравад. Сокинони ин водӣ ҳоло бо иҷозаи дубораи ин навъи кор бештар ба он мароқ зоҳир мекунанд.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд гуфт, “соли гузашта қариб 800 нафар сокинони Кӯҳистони Масчоҳ дар соҳили дарёи Зарафшон кор карда, қариб 6 кило тилло гирифтанд. Махсус нуқтаҳои вазорати Молия ташкил карда шудааст, ки ба он бурда месупоранд ва дар ҷояш маблағро мегиранд. Ин ҳам як навъи сабукӣ ба сокинон аз тарафи роҳбари давлат аст, ки иҷозаи гирифтани тилло аз дарё дода шуд.”

Дар баробари ин ҳама, коршиносон дар мавриди паҳлӯҳои мураккаби кор мегӯянд, ки қарори ҳукумат онҳоро сарфи назар кардааст. Коршиносон мегӯянд, таҳиякунандагони лоиҳаи қарор мавқеъи коршиносонро доир ба хариду фурӯши сангҳо ва корёбии мардум ба назар нагирифтанд. Пешниҳоди онҳо ин аст, ки аз таҷрибаи Ҳинд ва Чин истифода шавад, ки бозори озод ва қонунӣ доранд.

Замониддин Насриддинов, муовини ректори донишгоҳи куҳӣ-металургӣ гуфт: “Дар расмҳо агар шумо аҳамият дода бошед, дар рӯи хишти тилло рақами 9999 мегузоранд. Ин маънои онро дорад, ки он тилло пурра тоза аст. Вале аз қабати регу шағал ва соҳили дарёҳо тиллоро мешӯянд, иёри вай ба 700 ё 800 баробар аст. Аз ин лиҳоз нархи он низ арзонтар аст. Ба ҳамин сабаб баъзан ба мо муроҷиат мекунанд, ки чаро дар биржа масалан нархро 50 доллар нишон додаанду ба мо 35 доллар медиҳанд? Инҷо фарқияти иёр аст.”.—гуфт ӯ.

Сарфи назар аз қарори нави ҳукумат, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза медиҳад, ба истихроҷи тиллову нуқра ва фулузоти қимматбаҳо машғул шаванд, истихроҷу фуруши ғайриқонунии ин ҳама идома дорад. Коршиносон бар ин назаранд, ки қарор камбудӣ дорад ва бояд ислоҳ шавад.

Дар сохторҳои ҳукуматӣ ин андешаро ҷонибдорӣ намекунанд. Ҳамасола дар Тоҷикистон барои муомилаи ғайриқонунӣ бо сангҳои гаронбаҳо ва филизот даҳҳо нафар боздошт мешаванд.

Ҳудуди 93 дар сади қаламрави Тоҷикистон кӯҳистон аст ва ба гуфтаи геологҳо, навъҳои гуногуни сангҳои гаронбаҳо вуҷуд дорад. Сангҳои қиматбаҳо дар ду канори дарёи Зарафшон, Кофарниҳон, қад-қади дарёи Панҷ ва минтақаи Помир ҳастанд.

XS
SM
MD
LG