Ссылки доступа

Байден гуфт, раҳбари "Ал-Қоида" дар ҳамлаи ҳавоии ИМА дар Кобул кушта шуд


Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки Айман Аз-Завоҳирӣ, раҳбари гурӯҳи террористии "Ал-Қоида" субҳи якшанбе дар ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ кушта шудааст.

Байдан рӯзи душанбе зимни суханронӣ дар Кохи Сафед изҳор дошт, ки акнун "адолат барқарор аст" ва "ин раҳбари террорист дигар вуҷуд надорад".

Вай гуфт, ки нерӯҳои кашфи ИМА Айман Аз-Завоҳириро то хонае дар маркази Кобул -- пойтахти Афғонистон пайгирӣ намуданд. Ба гуфтаи Байден, вай дар онҷо бо хонаводааш зиндагӣ мекардааст. Раиси ҷумҳури Амрико сипас таъкид кардааст, ки дар ин ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин, ҳеҷ яке аз аъзои хонаводаи Аз-Завоҳирӣ ва ҳеҷ ғайринизомӣ кушта нашудааст.

Чанд соат қабл аз ин суханронӣ, расонаҳои амрикоӣ ба нақл аз манбаъҳои ношинос гузориш дода буданд, ки Айман Аз-Завоҳирӣ дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини CIA дар Афғонистон кушта шудааст.

Ин ҳодиса аз соли 2011 ва кушта шудани Усома бин Лодин, бунёдгузори "Ал-Қоида", бузургтарин зарба ба ин гурӯҳи ҷангҷӯ гуфта шудааст.

Айман Аз-Завоҳирӣ, табиб ва ҷарроҳи мисрӣ дар ҳамоҳанг кардани ҳамлаҳои 11-и сентябри соли 2001 нақш дошт, ки дар ҷараёни он чаҳор ҳавопаймои ғайринизомии рабудашуда ба бурҷҳои Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк ва Пентагон дар наздикии Вашингтон кӯбида шуданд. Дар ин ҳодиса ҳудуди 3 ҳазор нафар кушта шуда буд.

Яке аз мансабдорони амрикоӣ ба шарти фош нашудани номаш ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, ки ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин субҳи якшанбе аз сӯи CIA дар Кобул, пойтахти Афғонистон анҷом шуд.

Ҳамчунин як мақоми баландпояи ҳукумати Амрико изҳор дошт, "ИМА дар охири ҳафта амалиёти зиддитеррористӣ алайҳи яке аз чеҳраҳои муҳими "Ал-Қоида" дар Афғонистон анҷом дод". Вай афзуд, "ин амалиёт муваффақомез буд ва ҳеҷ талафоти ғайринизомӣ надошт".

Акнун, ки хабари кушта шудани Айман Аз-Завоҳирӣ, дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини CIA таъйид шудааст, ин пурсиш ба вуҷуд меояд, ки оё Толибон пас аз тасарруфи Кобул дар тобистони гузашта ба раҳбари Ал-Қоида паноҳ додаанд?

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар хабарномае таъйид кардааст, ки ин ҳамла рух додааст. Ӯ ин ҳамларо маҳкум кард ва ин амалкарди Амрикоро "нақзи қоидаҳои байналмилалӣ" донистааст.

Абдулнофеъ Такур, сухангӯи Вазорати дохилаи Толибон ҳам гуфтааст, "хонае дар маҳалаи Шерпур ҳадафи як мушак қарор гирифт. Аммо чун ин хона холӣ буд, касе кушта нашуд".

Ҳамчунин як мақоми Толибон ба шарти фош нашудани номаш гуфт, гузоришҳое дар бораи парвози ҳади ақал як ҳавопаймои бесарнишин дар осмони Кобул дар субҳи якшанбе вуҷуд доштааст.

XS
SM
MD
LG