Ссылки доступа

"Барқи тоҷик": Наметавонем пули барқро аз Афғонистон пурра дарёфт кунем


Роҳбари ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, бо сабаби таҳрими бонкҳои Афғонистон наметавонанд маблағи барқи додаашонро пурра дарёфт кунанд.

Мушкили пардохти ҳаққи истифодаи барқ баъд аз дубора ба қудрат расидани Толибон ба миён омад. Як сол аст, ки ширкати "Барқи тоҷик" ва "Брешно"-и Афғонистон наметавонанд ин мушкилро бартараф кунанд.

Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 1-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол Тоҷикистон ба Афғонистон зиёда аз 734 млн. кВт соат барқ интиқол додааст. Багуфтаи ҷаноби Асозода, барқ ба Афғонистон асосан аз моҳи май то сентябр интиқол мешавад.

Вале ба гуфтаи роҳбари ширкати "Барқи тоҷик", "вобаста ба вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, ки баъзе бонкҳои маблағгузор ба таҳримҳо шомил карда шуданд, интиқоли маблағ аз ширкати “Брешно" ба ширкати "Барқи тоҷик" мушкилӣ пайдо шуд. Айни замон кормандони ширкати "Брешно" корбарӣ карда истодаанд. Қарздорӣ нисбати пардохти ҳаққи барқ 28 млн. доллари амрикоро ташкил медиҳад. Дар моҳи июл дар ҳаҷми 2 млн. доллар маблағ ворид шуд",

Вазорати энержии ҳукумати Толибон моҳи майи имсол хабар дода буд, ки аз барқи Тоҷикистону Узбекистон бештар аз 100 млн доллар қарздор шудааст. Ахтар Муҳаммад Нусрат, намояндаи ин вазорат гуфта буд, онҳо омодаи пардохти қарзи барқ ҳастанд, аммо Тоҷикистону Узбекистон айни замон дар қабули маблағ аз хориҷ тавассути бонкҳо мушкил доранд. Ҳоло раиси ширкати "Барқи тоҷик" баръакс мегӯяд, мушкили интиқоли маблағ дар худи бонкҳои Афғонистон аст.

Кобул яке аз ду харидори асосии барқи Тоҷикистон аст. Солҳои гузашта бо таркондани симчӯбҳо интиқоли барқ ба Афғонистон қатъ мешуд. Ҳукумати вақти Афғонистон, гуруҳи Толибонро ба тахриби симчӯбҳо айбдор мекард. Баъди ба қудрат расидани Толибон ин мушкил камтар шудааст.

Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 1-уми август гуфт, "имсол мисли ҳарсола ҳодисаҳои қатъшавии якбора партофти бор дар шабакаҳои ширкати “Брешно”-и Афғонистон камтар ба назар мерасад. Чунки дар оғози мавсим аз ҷониби ширкати мазкур корҳои таъмирӣ анҷом дода шуданд".

Тоҷикистон яке аз кишварҳои асосии таъминкунандаи барқ ба Афғонистон аст. Баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар моҳи августи соли гузашта, интиқоли барқ ба Афғонистон қатъ нашуд, ҳарчанд Душанбе аз мунтақидони ҳокимони нави Афғонистон аст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, интиқоли барқ ба Афғонистон "хусусияти иҷтимоӣ дорад".

Ба ҷуз аз Афғонистон, Узбекистон аз муштариёни барқи Тоҷикистон аст. Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, дар шаш моҳи аввали имсол 321,2 млн. кВт.соат барқ содир кардаанд.

Содир шудани барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар дохили Тоҷикистон интиқодҳоеро ба миён овардааст. Як танқиди ҳамешагӣ аз мақомоти Тоҷикистон ин аст, ки дар рӯзҳое, ки мардум дар дохили кишвар аз барқ маҳруманд, фурӯши он ба Афғонистону кишварҳои дигари ҳамсоя ҳамчунон идома дорад. Мақомот набудани барқро дар кишвар пайваста ба таъмири хатҳо пайванд медиҳанд, вале нобоварӣ ба ин фарзия дар солҳои охир зиёд аст.

XS
SM
MD
LG