Ссылки доступа

Наздикон навори "бозгашти ихтиёрӣ"-и Ораз ва Рамзиро саҳнасозӣ номиданд


Рамзи и Ораз Вазирбековы

Пайвандони Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо мегӯянд, онҳо нияти ба Тоҷикистон рафтан надоштанд ва нашри навори “бозгашти ихтиёрӣ”-и онҳо саҳнасозӣ аст.

Рӯзи 29-уми июл Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо, ду фаъоли зодаи Бадахшон, дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав нопадид шуданд. Як рӯз пас дар навори видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоии наздик ба мақомоти Тоҷикистон нашр шуд, онҳо гуфтанд, ихтиёрӣ ба ватан баргаштаанд, то ба суолҳои мақомот дар робита ба ҳодисаҳои Бадахшон посух диҳанд.

Сабрина Отамбекова, ҳамсари Ораз Вазирбеков, рӯзи 1-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шавҳараш аз Екатеринбург ба Маскав бармегашт, вале дигар аз фурудгоҳ берун нашуд.

Ӯ гуфт, пеш аз парвоз видеоӣ бо ӯ суҳбат карда буд ва Ораз аз ӯ хоста буд, ки барояш ғизо омода кунад. “Парвоз 2,5 соат давом кард. Ҳавопаймо нишаст ва ӯ аз он ҷо боз бо ман суҳабт кард. Ишорае ҳам накард, ки таҳти таъқиб қарор дорад ё нигарон аст ё нияти ба Тоҷикистон рафтан дорад. Тақрибан пас аз 20 дақиқаи дигар зангаш задам, телефонаш дигар хомуш буд, паёмак фиристодам, нахондааст ва бо ҳамин дигар то ҳол гап назадаем.”,-- мегӯяд Сабрина Отамбекова.

Ҳамсари Ораз Вазирбеков мегӯяд, пас аз он ки телефони шавҳараш ҷавоб надод, ҳамон рӯз ба фурудгоҳ рафта пурсидааст, ки парвозе ба Тоҷикистон анҷом шудааст ё на. Дар онҷо барояш гуфтаанд, парвозе набуд. Ӯ гуфт, Ораз борҳо таъкид карда буд, ки агар рӯзе дар Тоҷикистон пайдо шуд, бояд ҳама донад, ки ба хоҳиши худаш барнагаштааст.

Наздикони Рамзӣ Вазирбеков низ мӯътақиданд, ки ӯ ихтиёрӣ ба Тоҷикистон нарафтааст ва навори нашршуда аз онҳо саҳнасозӣ аст.

Дар навори видеоӣ Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо мегӯянд, ба Тоҷикистон баргаштанд, то ба саволҳои мақомот дар бораи ҳодисаҳои Бадахшон посух гӯянд ва агар гунаҳкор набошанд, раҳо мешаванд, гунаҳкор бошанд, “ҷавоб мегӯянд.” Онҳо дар ин навор, ки дар кадом шароит сабт шуданаш маълум нест, мегӯянд, ихтиёрӣ баргаштаанд ва аз Русия ихроҷ нашудаанд. Ба гуфтаи пайвандонашон, онҳо шаҳрвандии Русияро доранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақомоти русро танқид карданд, ки шаҳрвандонашро ғайриқонунӣ ба дигар кишвар месупорад.

Рӯзи 30-уми июл Pamir Daily News, пойгоҳи интернетие, ки ҳодисаҳои вобаста ба Бадахшон ва зодаҳои ин вилоятро дар Тоҷикистону гӯшаҳои ҷаҳон бозтоб медиҳад, дар Телеграм-каналаш аз "нопадид шудан"-и ду фаъоли ҷомеаи помириҳо дар Маскав хабар дод. Ин манбаъ навишт, ки Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо шаби 29-уми июл дар фурудгоҳи Домодедово "бедарак шудаанд".

Мақомоти Русия то ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтаанд ва шарҳ надодаанд, ки чӣ тавр шаҳрвандони ин кишвар дар Тоҷикистон пайдо шудаанд.

Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо бо назарҳои танқидияшон нисбати мақомоти Тоҷикистон маъруфанд. Қаблан ҳарду дар наворе гуфта буданд, ки агар ногаҳон дар Тоҷикистон пайдо шуданд, пас, "рабуда шудаанд".

XS
SM
MD
LG