Ссылки доступа

Мақомоти тоҷик ваъдаи раҳоии ду маҳкумшуда дар Қирғизистонро додаанд


Мақомот ба ду зиндонии тоҷик, ки ду моҳ пеш аз Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол ёфтанд, ваъдаи раҳоӣ аз маҳбасро додаанд.

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов, ду шаҳрванди Тоҷикистонро 14-уми сентябри соли 2021 додгоҳе дар Қирғизистон ба гуноҳи "ҷиноят алайҳи сулҳ" ва "ғоратгарӣ" аввал ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Дертар ҳукм ба бештар аз 20-соли зиндон иваз шуд. Онҳо бо шаҳрвандони зиндонии Қирғизистон дар Тоҷикистон табодул шуданд.

Ба иттилои пайвандон, парвандаҳои онҳоро Додситонии кулли кишвар баррасӣ мекунад.

Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, рӯзи 2-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндаи Раёсати байналмилалии Додситонии кулл ду ҳафта пеш ба ӯ гуфт, ки Абдурозиқ ва Аскар озод хоҳанд шуд. “Намояндаи додситонӣ гуфт, ки овора шуда наоед, онҳо муҷозот намешаванд, озод карда мешаванд. Ҳамин гапи раиси Раёсати байналмилалии Додситонӣ маро хурсанд кард. Дар боздоштгоҳ ба ҳарду расонидам, ки масъалаи раҳо шуданашон баррасӣ шуда истодааст. Онҳо хушҳол шуданд,”—гуфт ӯ.

Муҳокимаи Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов дар Бодканд дар расонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон бозтоби зиёде дошт, чун онҳо баъди муноқишаи хунин дар марзи ду кишвар дар моҳи апрели соли 2021 дастгир шуданд.

Талошҳои мо барои дарёфти назари мақомоти тафтишотии Додситонии кулл дар робита ба қазияи ду шаҳрванди Тоҷикистон натиҷа надод.

Пайвандони Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов мегӯянд, таи ду моҳе, ки дар боздоштгоҳи Хуҷанд ҳастанд, се маротиба бо онҳо мулоқот карданд ва саломатии ҳарду хуб буда, ҳеч шикояте надоранд. “Бовар надоштем, ки аввал муҳлати зиндонашон кам ва сипас ба Тоҷикистон супурда мешаванд. Воқеан, мақомоти дахлдор талош карданд. Ҳоло умед дорем, ки ҳар чӣ зудтар ба хонаҳояшон бармегарданд”, -- гуфт Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров.

Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, аммо дар деҳаи Борбодуки вилояти Бодканди Қирғизистон зиндагӣ мекарданд. Онҳоро баъди муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели соли 2021 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дастгир карданд ва муфаттишони қирғиз гуфтаанд, дар телефони яке аз онҳо акси ӯро бо сарбозони тоҷик ёфтаанд.

Дигариро ба ғоратгарӣ дар айни ҷанг гунаҳкор донистанд, ҳарчанд хешовандони шаҳрвандони Тоҷикистон мегуфтанд, ки иттиҳомот асос надорад ва муҳокима ҳам дар вилояти Бодканд ноодилона ва бо қонуншиканиҳо сурат гирифтааст.

Дар он муноқиша, ки аз бадтаринҳо дар таърихи истиқлоди ду кишвар буд, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта ва бештар аз 200 каси дигар маҷруҳ шуданд. Қирғизистон пас аз муноқиша марзҳояшро комилан ба рӯи Тоҷикистон баст ва ду кишвар даҳҳо шаҳрванди ҳамдигарро боздошту зиндонӣ кардаанд.

Соли 2021 барои убури ғайриқонунии марз 39 шаҳрванди Қирғизистон дар Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Дар чанд моҳи гузашта тарафҳо дар бораи табодули зиндониён гуфтугуҳое доштаанд.

XS
SM
MD
LG