Дар ин бора ҳамсари Исоев Аида Хазеева ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод. Дар Вазорати умури дохилии Қазоқистон ҳам гуруснанишинии Исоевро таъйид карданд. Аммо гуфтанд, Исоев аз низоми нигаҳдории боздоштшудаҳо "шикоят надорад".
Ба гуфтаи масъулони вазорат, "ӯ аз рафти таҳқиқи парвандааш норозӣ аст".
Хазеева 2 август ба додситонии Оқтеппа рафта, шикоят кардааст, ки шавҳараш дар ҷараёни тафтишот бо "ноадолатӣ рӯбарӯ ва шиканҷа шудааст". Ӯ дар мулоқот бо муовини аввали додситони вилоят Қуандиқ Раҳметов хостааст, ки банди парвандаи ҷиноии шавҳараш иваз ва тафтишот ошкоро анҷом дода шавад. Аммо додситонӣ то ҳол посухе надодааст.
Пештар фаъолони шаҳри Чимкенти Қазоқистон, ки бо банди "бетартибиҳои оммавӣ" ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкумшудаанд, вакилони аврупоӣ ва СММ-ро ба таҳқиқи ҳодисаҳои моҳи январи кишварашон даъват карданд.