Ссылки доступа

Дар Қирғизистон даромади ширкатҳои истифодабарандаи дастгоҳҳои хазинавӣ "афзудааст"


Хадамоти андози Қирғизистон мегӯяд, даромади ширкатҳое, ки дастгоҳҳои хазинавии назоратӣ (ДХН) истифода мекунанд, дар давоми шаш моҳи ахир беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст.

Ба огаҳии хадамот, даромади ин гуна ширкатҳо 698,1 миллиард сомро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 351,8 миллиард сом бештар аст.

Манбаъ афзуда, ки аз аввали соли 2022 беш аз 20 ҳазор соҳибкор дар Қирғизистон истифодаи ДХН-ро шуруъ карданд ва "имрӯз дар он кишвар дар маҷмӯъ беш аз 52 ҳазор дастгоҳи хазинавии назоратӣ истифода мешавад.

Порлумони Қирғизистон 22 декабри соли гузашта лоиҳаи Кодекси нави андози ин кишварро ба тасвиб расонд, ки роҳандозии дастгоҳҳои хазинавии назоратиро дар марказҳои савдо пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG