Ссылки доступа

Дар Узбекистон як зан барои ҷои кораш худро оташ задааст


Як корманди корхонаи нафти вилояти Фарғонаи Узбекистон 2 август ба сару рӯяш бензин рехта, худро оташ задааст.

Сухангӯи Додситонии кулли Узбекистон Ҳаёт Шамсуддинов хабар дод, ки додситонии Фарғона дар робита ба ин ҳодиса парванда боз кардааст.

Бино ба хабари расонаҳои маҳаллӣ, зани 47-сола барои аз даст додани ҷои кораш худро оташ задааст. Масъулони корхона он рӯз гузарномаашро гирифта, вайро ба маҳалли кор роҳ надодаанд.

Ба гуфтаи Шамсуддинов, роҷеъ ба ин ҳодиса санҷиши хидматӣ низ шуруъ шудааст.

XS
SM
MD
LG