Ссылки доступа

Қазоқистон ва Қирғизистон Тайванро ҷузъи ҷудонашавандаи Чин номиданд


Айбек Смадияров, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Қазоқистон гуфт, кишвараш Тайванро ҷузъи ҷудонашавандаи Чин медонад.

Смадияров рӯзи панҷшанбе дар суҳбат бо Хабаргузории КазТАГ изҳор дошт, ки "Қазоқистон аз сиёсати "Чини ягона" пуштибонӣ мекунад ва Тайванро ҷузъи ҷудонашавандаи Ҷумҳурии мардумии Чин медонад".

"Ман фикр мекунам, ки сафари ҳайатҳои расмии кишварҳои хориҷӣ ба Тайван бояд бо ҳукумати Чин мувофиқа карда шавад", - афзуд Смадияров.

Қирғизистон низ 3 август бо нашри изҳороте мавқеи худро дар робита ба Тайван баён кард. “Ҷумҳурии Қирғизистон бетағйир будани мавқеи худро дар робита ба “масъалаи Тайван” ва пуштибонӣ аз сиёсати “Чини ягона”, ки дар ҳама санадҳои бунёдии ду кишвар баён шудааст, таъйид мекунад”, - омадааст дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Қирғизистон.

Як ҳайати Конгресси Амрико ба раҳбарии раиси Маҷлиси намояндагон Нэнси Пелосӣ рӯзи 2 август бо вуҷуди ҳушдорҳои Чин вориди Тайван шуд. Пекин ин сафарро ҳамчун нақзи соҳибихтиёрии худ хонд.

XS
SM
MD
LG