Дар ҳоли ҳозир ин масъала аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои андешидани чораҳои дахлдор мавриди омӯзиш қарор дорад", - гуфтанд дар бонк.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар пайи камчин шудани доллари амрикоӣ дар Қирғизистон "бозори сиёҳ"-и асъори хориҷӣ ба миён омадааст.
Ҳоло дар ин кишвар расман харидани доллари амрикоӣ тақрибан ғайриимкон шудааст. Бонкҳо маҳдудият ҷорӣ карда, баъзе аз онҳо барои як нафар беш аз 100 доллар намефурӯшанд.
Доллар дар гурӯҳҳои махсуси телеграм назар ба бонкҳо ва нуқтаҳои мубодилаи асъори расмӣ каме гаронтар фурӯхта мешавад. Барои намуна, агар қурби расмии Бонки миллии Қирғизистон барои як доллар 83, 1 сом бошад, пас дар бузургтарин гурӯҳи телеграми фурӯши асъор онро ба ҳисоби миёна 85 сом мефурӯшанд.
Бонки миллии Қирғизистон табодули асъор дар гуруҳҳои телеграмро, ки бидуни иҷозатнома фаъолият мекунанд, ғайриқонунӣ номида буд.