Ссылки доступа

Дар робита ба куштори пулиси қазоқ як ҷавони 27-соларо дастгир карданд


Як корманди пулиси Қазоқистон шаби 3 август дар маҳаллаи "17"-уми шаҳри Актау мавриди ҳамла қарор гирифта, баъди интиқол ба беморхона ҷон додааст.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Мангистау мегӯяд, “соати 03:50 ба қисми навбатдорӣ хабар расид, ки як ҷавони 26-соларо бо захми корд аз саҳни манзили зисте дар маҳаллаи "17" ба бемористон бурданд. Дар натиҷа ҷавон, ки аз ноҳияи гардан захм бардошта буд, ба ҳуш наомада, дар шӯъбаи эҳёгарӣ ҷон додааст".

Дертар маълум шудааст, ки ҷавони ҳалокшуда нозири минтақавӣ оид ба умури ноболиғон буда, дар рухсатии меҳнатӣ қарор доштааст.

Бо гумони ҳамла ба корманди пулис як ҷавони 27-солаи маҳаллӣ дастгир шудааст.

XS
SM
MD
LG